ДУШАНБЕ, 14 мар - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Ансамбли бонувони рубобнавози “Чаман”-и назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ ба вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки сафари ҳунарии мазкур ба ифтихори Рӯзи Модар сурат гирифта аст.
Вазорати фарҳанг қайд намудааст, ки ансамбли мазкур дар ноҳияи Айнӣ ва Панҷакент, дар ҷамоати деҳоти дурдасти Шинг бо бонувон вохӯрда, барномаи консертии ҷолибро таҳти унвони “Дасти дуои модар”, ки фарогири мавзӯи Ватан-Модар, баҳор, дӯстиву бародарӣ, сулҳу ваҳдат ва амсоли инҳо буданд, манзурашон гардонид.
Манбаъ қайд намудааст, ки бонувон барномаи консертӣ, хусусан ҳунарнамоии овозхони номӣ Хосияти Зарафшониро хуб пазироӣ намуда, баҳраи маънавӣ бардоштанд.