ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik, Фотима Яҳёева. Кам нафароне медонанд, ки дар дастаи машҳури рақсии "Лола" чанд сол қабл, дар баробари зебоёни маҳаллӣ, рақсҳои миллиро духтари амрикоӣ Тара Пандея иҷро кардааст.
Аз он замон хеле вақт гузашт, аммо духтар то ба имрӯз, ҳатто баъди бозгашт ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба бозиёна задани пойҳо ва мавзунона тоб додани дастҳои худ дар фазои оҳангҳои тоҷикӣ, хотима намедиҳад.
Дар бораи ишқи бепоёнаш нисбат ба рақсҳои миллии тоҷикӣ, хореографи маъруф аз шаҳри Сан-Франсискои ИМА ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард.
Худро дар Помир ёфтам
Дар оғози ин баҳор аксари корбарони бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ навореро тамошо карданду ба якдигар фиристоданд, ки дар он духтаре дар болои пули Бруклин истодаасту, тоҷикона мерақсад. Ин Тара аст, ки дар фазои суруди нозанини Нигина Амонқулова рақс мекунад.
Навори мазкур дар як муддати кӯтоҳ ҳазорҳо диду даҳҳо шарҳҳои корбарони мутааҷиби шабакаро ҷамъ кард. Бисёрии онҳо чунин пурсише кардаанд, ки ин духтари амрикоӣ аз куҷо ин қадар ишқу муҳаббати тоҷикӣ дорад, ва дигарон умуман бовар кардан наметавонанд, ки ин нозанин бо мӯйҳои майдабофӣ дар Амрико таваллуд ва бузург шудааст.
Вале ин воқеъият аст. Тара Пандея аслан аз шаҳри Сан-Франсиско буда, духтари амрикоии ҳиндинажод асту, ба чанд забон ҳарф мезанад ─ англисӣ, чинӣ, тоҷикӣ ва уйғурӣ.
"Ман ба тааҷҷуби мардум одат кардаам, зеро дар воқеъ вуҷуди маро бисёр урфу одатҳои шарқӣ фаро гирифтааст, вагарна тоҷикон кайҳо пай мебурданд, ки масалан, дар дастаи "Лола" духтари ғайри тоҷик рақс мекунад. Тамоми сол, аз 2015 то 2016, ман дар ҳайати асосии даста будаму, бо намоишҳои барномавиям ба кулли манотиқи Тоҷикистон сафар кардаам", — шарҳ медиҳад Тара.
Тара аввалин хориҷидухтарест, ки дар ансамбли миллии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият кардааст. Ҳатто як бор ӯ имкони ҳунарнамоӣ дар назди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро низ доштааст.
Раққоса ҳанӯз дар синни 12-13-солагияш бо ҷаҳони Шарқ ошно шудааст. Дар ин кор ба ӯ модараш кумак кардааст, ки тахминан 40 соли умрашро ба омӯзиш ва иҷрои рақсҳои миллатҳои гуногун, бахшидааст.
"Модарам ба ин касб ҳирфаӣ машғул буд ва ҳеҷ гоҳ муҳаббати худро нисбат ба рақсҳои мардумони дунё қатъ намекард. Ҳамин тавр, як рӯз вай тасмим гирифт, ки ба давраи рақсҳои форсӣ равад ва маро ҳамроҳаш бурд. Аз ҳамон ҷо таърихи муҳаббати ман нисбат ба Шарқ сар шуд. То синни 13 солагиям ман аллакай ба наққошиҳои форсӣ ва хати зебои арабӣ дил бохта будам, ки онро баъдтар дар донишгоҳ омӯхтаму комил кардам", — қисса мекунад хореограф.
Пас чунин шуд, ки ман дар ҷустуҷӯи мусиқии дӯстдошта ва шиноси худ роҳи Осиёи Марказиро пеш гирифтам ва ба зудӣ дар Тоҷикистон шудам. Соли 2006 дар чорчӯби фаъолияти як созмони ғайриҳукуматии бо номи Tajik Dance initiative (Ташаббуси рақси тоҷикӣ), ки ба ҳифзу инкишофи ҳунарҳои санъатӣ машғул буд, ба Помир омадам. Дар он ҷо расо як сол зиндагӣ кардам ва худамро мисле, ки дар хона бошам, ҳис кардам.
Барои ман фаҳмонидани ин ҳиссиёт хеле мушкил аст, вале ҳар қадар бештар ман рақс мекардам, ҳамон қадар зиёдтар дарк менамудам, ки ин моли ман аст ва дар вуҷуди ман ҳамеша буду ҳаст. Рақсҳои тоҷикӣ ҳамеша як қисмати вуҷуди ман буданд, истеъдоди ман бо шарофати устодони маҳаллӣ кушода шуд. Дар кӯҳҳои Тоҷикистон ман худамро пайдо мекардаму, хушбахттарин одам мешумурдам, бовар дорад Пандея.
Аз Cirque du Soleil то "Лола"
Аз он вақт инҷониб Тара ба Тоҷикистон ду бор омадааст. Махсусан дар давраи фаъолияти ситоравии вай дар дастаи машҳури ҷаҳонии Cirque du Soleil — ширкати конодоӣ, ки муҳаббати оламиёни зиёдро тавассути санъати таркибии бадеӣ ва мардумӣ, ба худ ҷалб кардааст.
"Аз соли 2010 дар тӯли 4,5 соли корӣ дар ширкати сирк, ман ду маротиба ба Осиёи Марказӣ сафар кардаам, вале ягон бор ба кишвари дӯстдоштаи худ Тоҷикистон омада натавонистам. Аммо дар 170 мамлакати дунё, ки тавонистам бо зиёда аз 1 500 консерт баромад кунам, ман фаромӯш намекардам, ки ба рақсҳои худ унсурҳои арғуштҳои тоҷикиеро, ки дар Помир омӯхта будам, илова намоям", - қайд намуд амрикоидухт.
Дар ҳар ҷое, ки набошад, — Аляска, Ҳиндустон, ҷазираҳои дурдасти афсонавӣ — ҳунарпеша дар мавқифаи машҳур бо ҷисми наҳиф ва кашиши боварнакардании худ, тасвир ёфтааст.
Ин мавқифаи хеле душвор аст, ки "Бэкбэнд" (Backbend) ном дорад — пушти одам чунон ба замин хам мешавад, ки гӯё ҳозиракак аз он пулча месозад, ва дар айни замон, дастҳо ба ду тараф дароз карда мешаванд. Амрикоидухтар эътироф мекунанд, ки ӯ чунин суратҳоро махсус мегирад, то ки модару бибияш ҳангоми сафарҳои ҳунарии тӯлонии ӯ безобита нашаванд.
Соли 2015 Taрa қарор дод, ки Cirque du Soleil-ро тарк кунад ва ба Тоҷикистони офтобрӯя ояд. Вай ният дошт, ки истироҳати тобистонаашро дар он ҷо гузаронад, аммо тақдир чизи дигарро ба ӯ дастур дод.
"Ман мехостам дар муддати як моҳ аз хореографҳои номӣ Фароғат Саидова ва Заррагул Искандарова дарс бигираму, ба хона баргардам, аммо бо хотима ёфтани мӯҳлати будубошам, муаллима Фароғат аз ман хоҳиш карданд, ки 12 моҳи дигар дар Душанбе монам, ва ман ҳам ин пешниҳоди эшонро бо мамнуният пазируфтам.
Баъд аз он, Тара як соли пурра дар ҳайати асосии дастаи рақсии миллии "Лола" баромад кард, ки ба он танҳо устодони қавии ин навъи санъатро ба кор мегиранд.
"Ин давра ҳайратовар буд: ман на танҳо бо сафарҳои ҳунарӣ тамоми Тоҷикистонро гаштам, балки боз тавонистам дар озмуни рақсии "Маликаи хушхиром" тавассути телевизиони тоҷик баромад кунам. Тибқи талаботи озмун, ҳар ҳафта ҳунарпешагони пуртаҷрибаи кишвар бояд санъати иҷрои тамоми анвоъи рақсҳои классикӣ ва мардумии Тоҷикистонро, нишон диҳанд. Маро то ҳол боварам намеояд, ки дар озмун ҷои аввал ва унвони "Маликаи хушхиром"-ро гирифтам", — мегӯяд бо ҳаяҷон хореографи амрикоӣ.
Дарс ба Ғарб
Пас аз бозгашт ба ИМА, раққоса иштиёқи худро тарк накард, балки баръакс, фаъолона ба тавсеаи фарҳанги тоҷик дар Амрико оғоз кард.
"Мардум аз ман роҷеъ ба рақсҳои халқҳои Осиёи Марказӣ зиёд мепурсанд, ки ба омӯзишашон ман чандин солҳои умрамро сарф кардааму бо онҳо зиндаям. "Оё, ин чизе шабеҳ ба рақси шикам аст?" — мепурсанд онҳо. Ростӣ, аз чунин саволҳо ман худамро каме дардманд ҳис мекунам, зеро фарҳанги Осиёи Марказӣ таърихи 2000-сола дорад ва барои дунёи ғарб, мутаассифона, ба таври даркорӣ муаррифӣ нашудааст, ҳарчанд онҳо метавонанд аз халқҳои Осиёи Марказӣ бисёр чизҳоро омӯзанд", — таъкид мекунад санъаткор.
Ба андешаи вай, рақсҳои миллии Осиёи Марказӣ, ки навъҳои мухталифи онҳоро амрикоидухтар дар ҳама панҷ кишвари ОМ омӯхтааст, ҳар як услуби минтақавӣ хотиротеро аз муҳити атроф ифода мекунад, ки як пайвасти зинда бо заминро мемонад.
"Ман чунин мешуморам, ки дар ин давраи бегонаву исломҳаросӣ, хеле муҳим аст, ки ба ошкор кардани решаҳои таърихии фарҳанги худ пардозем, ба хотири халос шудан аз чунин мафҳумҳое ба мисли "бегонагон". Вақте, ки шаклҳои рақсӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ ҳавола мешаванд, мо бахшҳои муҳими таърих ва фарҳанги ҷаҳониямонро аз даст медиҳем", — мутмаин аст раққоса.
Аз ин рӯ, вай аксар вақт либосҳои миллии тоҷикӣ мепӯшад, мӯйҳояшро майдабофӣ мекунад ва дар саҳнаҳои кишварҳои гуногун баромад мекунад.
"Аксари одамон масалан, бо тааҷҷуб мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки дар Тоҷикистон шакли рақсии классикии "Шашмақом" вуҷуд дорад. Рақси мазкур техникан сангину серталаб аст, ва чун балет барои баромад дар қасрҳои шоҳҳон офарида шудааст. Он таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Бино бар ин, маро нодонии ғарбиён аз таърихи чунин санъати гаронбаҳо ғамгин месозад. Алъон ман вазифаи худро дар он мебинам, ки ҳарчӣ бештар ба тамошобинон ин намуди беназири рақсро намоиш бидиҳам", — таъкид мекунад Пандея.
Вай умедвор аст рӯзе мешавад, ки рақсҳои беназири Осиёи Марказӣ эътироф ва эҳтироми арзандаи ҷаҳониро ба даст меёранд. Аммо ҳоло бошад, Тара бар он аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри паҳн кардани онҳо дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон, равона кунад.
"Ман умедворам, ки одамони зиёд метавонанд ҳамроҳ бо ман ин зебоии бузургро, ки камина аз даричаи шаклҳои беназир ва мураккаби ҷисмонӣ мебинам, мушоҳида кунанд. Бигзор зебоӣ тавассути санъат силоҳи мо алайҳи зулмот бошад!", — мегӯяд бо табассум хореограф.
Дар айни ҳол амрикоидухтар ба якчанд тарҳҳои рақсӣ машғул аст. Ба тамоми ҷаҳон чарх мезанаду дараҷаҳои мастер-класс нишон медиҳад. Тара Пандея ҳамчунин муддати як моҳ дар Русия қарор дошт — тамоми апрели соли гузашта амрикоидухт дар Санкт-Петербург ба ҷустуҷӯи раққосони боистеъдод аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Эрон ва Афғонистон машғул буд.