Аҳмадов: қазияи латтукӯби зани тоҷикро дар Шёлково баррасӣ мекунем

© SputnikПредставитель Министерства труда, миграции и занятости населения Таджикистана в России Иброхим Ахмедов , архивное фото
Представитель Министерства труда, миграции и занятости населения Таджикистана в России Иброхим Ахмедов , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҳодисаро пайгирӣ мекунанд ва барои ҳифзи ҳуқуқҳои зан талош хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи Намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қазияи латтукӯби як зани тоҷикро дар мағозаи хӯроквории "Магнит" дар шаҳри Шёлковои вилояти Маскав тавзеҳ дод.

Ёдрас мешавем, пештар хабари латтукӯби ин зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд.

Ба гуфтаи Аҳмадов, байни шаҳрванди Тоҷикистон бо фурӯшандаи мағоза баҳсе сар задааст, ки дар пайи он корманди мағоза зани тоҷикро сараввал латтукӯб ва сипас ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супоридааст.

Подозреваемый в убийстве 5-летней девочки в Подмосковном Серпухове - Sputnik Тоҷикистон
Таъхири мурофиаи нозири минтақавӣ, ки хунукназарияш бо марги Ҳувайдо анҷомидааст - видео

Кормандони пулис изҳороти занро, ки мехоҳад ба додситонӣ шикоят барад, ба назар нагирифта, ӯро ба додгоҳ бурдаанд ва зан бо қарори додгоҳ ихроҷ шудааст.

Сухангӯи намояндагӣ афзуд, муроҷиати ин зан ба консулгарӣ ва намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон қабул шудааст ва қазия пайгирӣ мешавад.

"Консулгарӣ ва намояндагӣ аз рӯзи аввали муроҷиати зан бо ӯ кор мекунад. Ба прокуратураи шаҳри Шёлково мактуби расмии консулгарӣ ирсол шудааст ва қазияи мазкур зери назорати муовини прокурор карор дорад. Ҳамчунин додситонӣ аризаи занро қабул кардааст", - таъкид мекунад вай.

Аҳмадов афзуд, намояндагӣ қарори додгоҳро дар бораи ихроҷи зан баррасӣ мекунад ва тамоми кӯшишҳоро барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрванди Тоҷикистон сарф хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Валентина Чупик, ҳомиии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик иддао дорад, ки зани тоҷикро дар мақомоти пулис низ латтукӯб кардаанд.

Намояндагии вазорати меҳнат ин гуфтаҳоро беасос медонад.

Иброҳим Аҳмадов гуфт, феълан қазия пайгирӣ мешавад, тафсилоти бештарро пешниҳод хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0