Барои чӣ меъмори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ - “UCA” ҷоизаи Притзкер гирифт?

© дафтари матбуоти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ - "UCA"Арата Исозакӣ, меъмори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҷоизаи меъмории Притзкер барои соли 2019-ро гирифт
Арата Исозакӣ, меъмори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  ҷоизаи меъмории Притзкер барои соли 2019-ро гирифт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арата Исозакӣ, меъмори шинохтаи ҷопонӣ, ки тарҳи Донишгоҳи Осиёи Марказиро таҳия кардааст, ҷоизаи меъмории Притзкер барои соли 2019-ро соҳиб шудааст

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ – “UCA”, Исозакӣ 46-умин барандаи ҷоизаи мазкур буда, маросими расмии ҷоизасупорӣ ва 100 ҳазор доллар мукофотпулӣ моҳи майи соли равон дар Версели Фаронса баргузор хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Оғози Довталаб -2019 бо 2 навгонӣ: дохилшавӣ ба “ДОМ”-и Оқохон низ тариқи МТС мешавад

Исозакӣ бештар аз 100 тарҳи меъмориро эҷод кардааст, ки толори консертии Киото дар Ҷопон, осорхонаи санъати муосир дар Лос-Анҷелес ва коллеҷи тиббӣ дар Вейл Корнелл аз ҷумлаи онҳо мебошанд.  Ӯ ҳамчунин тарроҳи нақшаи умумии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва се кампуси он дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, Нарини Қирғизистон ва Текелии Қазоқистон мебошад.

Нақшаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба хотири мутобиқат ба манзараи куҳӣ ва инчунин эҷоди фазои муносиб барои таҳсил мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, муаллифи он соҳиби ҷоиза шудааст.

Ҷоизаи Притзкер соли 1979 аз сӯи хонаводаи Притзкер дар шаҳри Чикаго таъсис ёфтааст ва ба меъмороне тақдим мешавад, ки “ба воситаи ҳунари меъморӣ ба рушди инсоният мусоидати қобили таваҷҷуҳ кардааст”. Барандаи ҷоиза аз сӯи ҳакамони мустақил, ки шомили 5- 9 тан меъморони ҳирфаӣ аст, интихоб мешавад. Ин ҷоизаро соли гузашта Филипп Ҷонсон, Фрэнк Герӣ, Рем Коолхаас ва Заха Хадид гирифтаанд.

Исозакӣ соли 2001 довари асосии Ҷоизаи меъмории Оқо Хон буд. Дар доираи ин ҷоиза ҳар се сол барои тарҳҳое, ки дар заминаи меъморӣ, барномарезӣ, ҳифзи биноҳои таърихӣ меъёрҳои нави сатҳи баландро эҷод мекунанд, 1 миллион доллар дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0