Аз сохтан то санҷиш ва нобудсозии силоҳ: тасвиби созишномаи Тоҷикистону Узбакистон

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкАвтомат Калашникова, архивное фото
Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишнома бо Узбакистон дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникиро ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон, ҳафтаи равон зимни муаррифии созишнома дар парлумон гуфт,  он аз ҷониби вазири мудофиаи Тоҷикистон ва раиси Кумитаи саноати мудофиавии Узбакистон 17августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст.

Президент Эмомали Рахмон на первой сессии новоизбранного парламента в 2015 году - Sputnik Тоҷикистон
Парлумон пешниҳоди Президентро пазируфт: Омбудсмени нави Тоҷикистон кист?

Собирзода афзуд, ки созишнома ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳарбӣ — техникии тарафҳоро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, таъмини мутақобилаи маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ, иттилоот дар соҳаи техникаҳои ҳарбӣ, ҳуҷҷатгузориҳои конструксионӣ, меъёрӣ, техникӣ, технологиро пешбинӣ мекунад.  

“Инчунин иҷрои корҳоро доир ба таъмир, азнавсозии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ба таври муштарак истеҳсол, коркард, нобуд кардани маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро бо мақсади мукаммалгардонии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дар бар мегирад ва дар самти расонидани кумаки ҳарбӣ — техникӣ ба тарафҳо мусоидат менамояд”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Собирзода.

Ба иттилои манбаъ созоишномаи нав инчунин вохӯриҳои кории мутахассисону коршиносон, коркарди барномаҳои ҳарбӣ- техникӣ, гузаронидани санҷиши якҷояи аслиҳа ва техникаи ҳарбиро танзим менамояд.

Тасвиби созишномаи нав миёни Тоҷикистону Узбакистон дар ҳолест, ки солҳои охир дар аҳди раисиҷумҳури Узбакистон, Шавкат Мирзиёев муносиботи ду кишвар дар бахшҳои гуногун рӯй ба густариш ниҳодаанд.

Лентаи хабарҳо
0