ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, зимни муаррифии номзади пешниҳодкардаи раисиҷумҳур ба мақоми омбудсменӣ, гуфт, Умед Бобозода якчанд сол омӯзгор будааст.
Ӯ афзуд, ки Умед Бобозода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, дар гузашта ба ҳайси муаллим, декани факултаи ҳуқуқшиносӣ ва муовини декани факултаи мазкур фаъолият доштааст.
Бобозода баъди соли 2007 дар вазифаҳои мушовири раисиҷумҳур, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди раисиҷумҳур кор кардааст.
Ӯ солҳои охир ба ҳайси мушовири бахши ҳуқуқии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ фаъолият намуда, ахиран аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон пешниҳод шуд ва аз ҷониби парлумон пазируфта шуд.
Дар пайи ҷонибдории вакилон Умед Бобозода барои фаъолияти содиқона савганд ёд кард.
Таъини Бобозода ба мақоми омбудсмен дар ҳолест, ки таҳлилгарон аз ваколатдори нав фаъолияти бештар барои ҳифзи ҳуқуқи инсонро интизоранд.