ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Дар Узбакистон муовини нави вазири молия таъин гардид, ки вазифааш беҳтар кардани мақоми кишвар дар раддабандӣ ва феҳристҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон хабар медиҳанд.
Ин симат пас аз фармони президент Шавкат Мирзиёев "Дар бораи мураттаб кардани меъёрҳои беҳтар кардани мавқеи Ҷумҳурии Узбакистон дар раддабандӣ ва феҳристҳои байналмилалӣ" пайдо шудааст.
Гуфта мешавад, муовини нави вазири молия Одилбек Исақов, ки пештар мушовири вазири молияи Узбакистон буд, таъин гардид.
Исақов бояд кори вазорат ва идораҳоро барои беҳтар кардани мақеи кишвар дар раддабандиҳо ҳамоҳанг кунад.
Муовини вазир бештар аз 12 сол дар бонки HSBC, яке аз бонкҳои бузурги Англия кор кардааст. Исоқов таҷрибаи рушди бозори гаронарзишро дорад.