Таъин ба мансабҳои давлатӣ: Ожонси зидди фасод 62 ҳолати “хешутаборчигӣ”-ро ошкор кард

© сомонаи Агентии мубориза бо коррупсияи ТоҷикистонТаҷлили 12-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷкистон ва иди касбии кормандони ин ниҳод
Таҷлили 12-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷкистон ва иди касбии кормандони ин ниҳод  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон 62 ҳолати ба истиллоҳ “хешутаборчигӣ” дар ниҳодҳои давлатиро ошкор кардааст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, бар асоси моддаи 9-и қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда манъ мебошад.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти муфаттиши калони ВУД аз сӯи Ожонси зидди фасод

Манбаъ афзуд, ки 62 ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ошкор карда шуда, барои бартараф намудани онҳо чораҷӯӣ карда шудааст.

Бар асоси қонуни мазкури Тоҷикистон, шахс наметавонад ба мансабҳои давлатие таъин гардад, ки бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда ба мансабҳое бошад, ки онро хешовандони наздики ӯ ишғол кардаанд.

Тибқи қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” хешовандони наздик – зан, шавҳар, фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан, ё шавҳар, қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне мебошанд, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0