ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия пойтахт марди 47 соларо дастгир намуданд, ки мошини “ГАЗ-3102” ё “Волга”-ро рабудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми марти соли равон, тахминан соати 20:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “ГАЗ-3102”-ро, ки дар назди хонааш беназорат меистод, рабудаанд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки кормандони милитсия дар кӯчаи Ҷавҳарии пойтахт, марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 154 ва 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, бо гумони рабудани мошин ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шуд.
Нисбати ҳолати маҳзкур кормандони милитсия тафтишотро идома доранд.