ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид дар зодгоҳаш ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Данғара мактаб ва боғча бунёд кардааст. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода хабар додааст.
Вай таъкид кардааст, ки афзун бар ин, вазир гуфтааст, ки яке аз кӯчаҳои ҷамоати мазкурро мумфарш мекунад.
Ба гуфтаи вай, таъмири роҳ пас аз нармтар шудани обуҳаво дар кишвар оғоз мешавад.
Ёдрас мешавем, пештар вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аз ҳисоби худ дар Хатлон маркази саломатӣ бунёд карда буд.
Пештар, вазири маориф дар рафти нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки то соли 2021 - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар беш аз 1500 мактабу муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бунёд мегарданд.
Вазири маориф таъкид кард, ки соҳибкорону афроди саховатпеша муассисаҳои таълимиро бо хоҳиши худ ва мустақилона месозанд.
“Муассисаҳо бо хоҳишу фаъолияти бевосита ва мустақилонаи соҳибкорони ватанию шахсони саховатманд бунёд мегарданд”, - изҳор дошта буд Нуриддин Саид.