Ятимов дар деҳааш мактаб сохт: гила аз бетаваҷҷуҳии Убайдуллоев, Шералӣ, Зарифӣ ба зодгоҳ

Обуна шудан
Ҷаъфари Ҷалол, овозхон ва оҳангсози меҳансарои маъруфи тоҷик, аз бетаваҷҷуҳии мансабдорони воломақоми зодаи Фархор ба ободсозии зодгоҳашон интиқод кард

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Меҳансарои маъруфи тоҷик, бо нашри як изҳорот дар сафҳаи фейсбукияш аз ободкориҳо дар Дарвоз ва навоҳии дигар тавсиф карда, изҳор дошт, ки Фархор — бузургтарину сернуфузтарин ноҳияи ҷануби Тоҷикистон, аз таваҷҷуҳи фарзандонаш канор мондааст.

Ӯ дар феҳрасти мақомдорони воломақоми зодаи ноҳияи Фархор, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Гул Шералӣ, Саймуъмин Ятимов, Шералӣ Хайруллоев, Сайидамир Зуҳуров, Ҳамрохон Зарифӣ, Сафаралӣ Наҷмиддинов, Бобохон Маҳмадов, Шермуҳаммад Шоҳиён,  Талбак Назаровро ном бурда, афзудааст, ки садҳои дигар муовинону раисони корхонаҳои бузурги кишвар мебошанд.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Тоҷикистон ва хонаводааш роҳеро дар зодгоҳашон мумфарш мекунанд

Ҷаъфари Ҷалол бо таассуф таъкид кардааст, ба ғайр аз Саймуъмин Ятимов, ки барои ҳамдеҳагонаш мактаби бисёр боҳашамату зебое тақдим намудааст ва чанд соҳибкори дигар, боқимондаи ҳамшаҳриҳояш аз афроди воломақом ҳеч кори назаррасе барои ободонии зодгоҳашон накардаанд.

Ҷаъфари Ҷалол афзудааст, ки агар фарзандони Фархор, дар зодгоҳашон як мактаб, ҳаммом, боғча, беморхона барои мубталоёни сил, ки феълан дар вазъи ногувор қарор дорад ва ё гулгаште месохтанд, мардум барои ҳамеша дар ҳаққи онҳо ва гузаштагонашон дуои хайр мекарданд.

Ҷаъфари Ҷалол Фархорро бузургтарин ва сернуфузтарин ноҳияи ҷануби Тоҷикистон хонда, изҳор доштааст, ки аз ҳудуди имрӯзаи кишвар Фархори бостонӣ ягона шаҳрест, ки номаш дар китоби муқаддаси "Авасто" дарҷ шудааст. Овозхони тоҷик бо зикри ниёзмандии шадид ба ободкориҳо дар Фархор, таъкид намудааст, ки фаромӯш кардани зодгоҳ, модар, хокдоне, ки фарзандҳояшро дар оғӯшаш парвариш намуда, зиндагӣ бахшидааст, дониш омухтааст, роҳнамун ба суи фардоҳои дурахшон намудааст, гуноҳест нобахшиданӣ.

Даъвати Ҷаъфари Ҷалол барои ободкориҳо дар ҳолест, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар кишвар маъракаи густардаи ободкориҳо бо ҷалби мансабдорон, корхонаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва афроди дигари саховатманд роҳандозӣ шудааст.

Ахиран хабар дода шуд, ки Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои худ ва хонаводааш ба таъмири 5 километр роҳ дар зодгоҳаш, ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз кардааст. Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқотҳо аз афроди саховатпеша ва ҳимматбаланд даъват мекунад, ки дар корҳои ободонии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон масъалагузорӣ кардаанд, ки чӣ гуна мансабдорони тоҷик бо он маоше, ки баланд нест, аз ҳисоби худ метавонанд иншооти гуногунро бунёд намоянд ва зарур хондаанд, ки ба ин раванд бештар сармоягузорону соҳибкорон ҳавасманд гарданд.

 

Лентаи хабарҳо
0