Тоҷикиситониён тантанаҳои асосии Наврӯзиро имсол дар Норак таҷлил мекунанд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонРамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ, ки ба ҷойи арча истифода мешавад
Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ, ки ба ҷойи арча истифода мешавад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То рӯзи ҷашни Наврӯз тибқи нақша дар талу теппаҳои атрофи шаҳр 6 ҳазор бех дарахтони сояфкану ороишӣ шинонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак вусъати тоза пайдо намудаанд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Пророщенные ростки пшеницы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Истироҳати шашрӯза ва қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи “Наврӯз – 2019”

Бо дастури Президенти мамлакат имсол иди Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Норак ҷашн гирифта мешавад. 

 “Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ даҳ иншооти дорои аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявӣ бунёд гардида, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни мазкур ба фаъолият оғоз менамоянд”, гуфтааст мудири бахши шаҳрсозӣ ва меъмории шаҳри Норак Шуҳрат Азимов.

Аз ҷумла, сохтмони бинои истиқоматии ҳафтошёна ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Садриддин Абдулло  дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои панҷошёна, майдончаҳои варзишӣ низ бо маром идома доранд. Тибқи лоиҳа, ошёнаҳои якуми ин биноҳо марказҳои хизматрасонӣ, сехҳои дӯзандагӣ, тиҷоратӣ, сартарошхона, кошонаи ҳуснро дар бар мегиранд ва дар биноҳои баландошёнаи иқоматӣ ва маъмурии шаҳр таъмиру тармим ҷараён дорад.

Тибқи иттилои масъулини ҳукумати шаҳри Норак, аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 1,5 километр роҳҳо  пурра мумфарш карда мешаванд.

Инчунин баҳри ободонӣ дар маркази шаҳр  гулгаштҳои рангоранг бунёд гардида, зиёда аз бист ҳазор бех гулҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

Бо мақсади ҷангалпӯш намудани талу теппаҳои атрофи шаҳр то имрӯз дар мавзеи “Ленин” 5500 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуданд. То рӯзи ҷашн тибқи нақша дар талу теппаҳои  атрофи шаҳр 6 ҳазор бех дарахтони  сояфкану ороишӣ шинонида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0