Истироҳати шашрӯза ва қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи “Наврӯз – 2019”

© © Sputnik / Амир ИсаевПророщенные ростки пшеницы, архивное фото
Пророщенные ростки пшеницы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ Наврӯз-2019 дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ баргузор карда шавад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Қарори Рустами Эмомалиро дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ имрӯз нашр кард.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарорҳои Рустами Эмомалӣ дар бораи Фестивали “Наврӯз” ва ярмаркаҳо

Бар асоси қарори мазкур, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати пойтахт барои омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз - 2019 тасдиқ гардида, муовинони раис ва роҳбарони навоҳии пойтахт масъули иҷрои он таъин шудаанд.

Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  раиси  шаҳри Душанбе ва расонаҳои давлатии пойтахт муваззаф шудаанд,  рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма инъикос намоянд.

Расман дар Тоҷикистон иди Наврӯз рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март таҷлил мегардад. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид, бинобар ба 23 ва 24 рост омадани рӯзҳои шанбе ва якшанбе рӯзҳои кории баъди он – 25, 26 март истироҳатӣ хоҳанд буд.

Лентаи хабарҳо
0