ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, зимни мурофиа, ки моҳи феврали соли равон баргузор шуд, муайян гардид, ки Джумаева Дилфуза, шаҳрванди 29-солаи Туркманистон, донишҷуйи бахши 3-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, як ҷавондухтари дигари ҳамватанашро латукӯб намудааст.
“Муайян шуд, ки Джумаева 12 декабри соли 2018 тахминан соати 15:20 дақиқа, дар кӯчаи Л.Толстойи шаҳри Душанбе, дар пушти бинои Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон, бо шаҳрванди Туркманистон Нарсахатова Гулмира Нарсахатовна муноқиша карда, нисбати номбурда дашномҳои қабеҳ додааст”, - иттилоъ дод додгоҳ ва афзуд, ки сипас Джумаева аз дашном ба латукӯб гуаштааст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, тавзеҳ дод, ки Джумаева кирдори авбошонаи худро давом дода, аз гиребони Нарсахатова қапида сахт ба ҷониби худ кашида, бо дасти чапаш якчанд маротиба дар қисмати рӯи ӯ ва бо пои чапаш як маротиба дар қисмати байни пойҳояш зарба задааст.
“Аз ин ором нагардида бо ду дастонаш аз мӯи сараш қапида сахт кашида ба дигар тараф тела додааст, ки дар натиҷа номбурда ба замин афтида, аз замин бархеста аст ва боз бо пои росташ як маротиба дар қисмати шикамаш зарба зада боз бо дастонаш аз мӯи сараш қапида якчанд маротибаи дигар зада ба замин афтодааст, аз ин амалҳояш қаноат накарда, бо лагад якчанд маротибаи дигар дар узви баданаш зарба зада ба огоҳии атрофиён эътибор надода тартиботи ҷаъмиятиро дағалона 5-10 дақиқа вайрон карда, ба саломатии ҷабрдида зарари гуногуни ҷисмонӣ расонидааст”, - омадааст дар парванда.
Манбаъ афзуд, ки Джумаева Дилфуза дар мурофиа худро гунаҳкор эътироф кардааст.
Дар парванда таъкид шудааст, ки додгоҳ бо назардошти бекор, донишҷӯй ва модари кӯдаки хурдсол будани Дилфуза Джумаева, ӯро ба андозаи 5 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.