Бархӯрди маргбори “Мерседес” бо “Чун-Чай” дар шаҳри Норак

© Sputnik / Стас ЭтвешПриветственная арка перед въездом в город Нурек в Таджикистане, архивное фото
Приветственная арка перед въездом в город Нурек в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ҳудуди шаҳри Норак хабар дод, ки баъди зуҳри 4-уми март рух додааст

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, тахминан соати 14:30 ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Гулов Амрулло, сокини 34-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз пойтахт ба шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи “Чун-Чай” бархӯрдааст.

Манбаъ изҳор дошт, ки дар пайи бархӯрд бо автомашинаи Чун-Чай”, ки таҳти идораи Абдураҳмонов Хуршед, сокини 40-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ қарор доштааст, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Гулов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0