Додгоҳи низомӣ Мирҷоновро барои хабар надодан аз нақшаҳои “Ҳоҷӣ Ҳалим” зиндонӣ кард

© SputnikФотография Абдухалима Назарзода на сайте Министерства обороны Таджикистана. Фото экрана
Фотография Абдухалима Назарзода на сайте Министерства обороны Таджикистана. Фото экрана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе Аминҷон Мирҷоновро барои хабар надодан аз ниятҳои Ҳоҷӣ Ҳалим ва тобеонаш барои анҷоми ошӯб ба 1,5 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳи низомӣ, Мирҷонов қабл аз оғози ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим барои ғасби ҳокимият аз нақшаҳои ӯ ва ҳаммаслаконаш огоҳ будааст, аммо то моҳи сентябри соли 2018 ин иттилоъро пинҳон доштааст.

Мошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурқурбонӣ: “Мерседес” бо 5 нафар ба чуқурии 300-метрӣ чаппа шуд

Манбаъ афзуд, Мирҷонов аз нақшаҳо барои ғасби ҳокимият тариқи шаҳрванд Ноибов Маҳмаддовуд Давлятшоевич огоҳ шудааст, ки  дар масҷиди деҳаи Роҳи Сотсиализми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба сифати “Мулло Имом”-и масҷид ҷавононро барои шаҳид шудан дар роҳи Ислом даъват мекард.

Тафтишот муайян кардааст, ки Мулло Имом бо Назарзода Абдуҳалим Мирзо, бо лақаби “Ҳоҷӣ Ҳалим”дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрда, тибқи супориши ӯ ба ҷалби шаҳрвандони ин ноҳия барои ташкил намудани иттиҳоди ҷиноятӣ бо мақсади бо роҳи зуроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон машғул шуд.

“Рӯзи 1 сентябри соли 2015 Ноибов Маҳмаддовуд дар масҷиди деҳаи Роҳи Сотсиализм баъди баргузории намози “Хуфтан” сокинони деҳаашон шаҳрвандон - Мирҷонов Аминҷон Шодиевич, Шодиев Абдуҷабор Давлатҷонович, Мадов Шоҳмаҳмад Сафармаҳмадович, Шайхонзода Идибек Шайхон, Ҷавов Ҳусейн Ҳомидович, Раҳматов Саидҷон Иброҳимович, Абдураҳмонов Абдураҳмон Чупонович ва дигаронро ҷамъ намуд. Ноибов зимни бурдани ташвиқоти динӣ номбурдагонро барои бо роҳи зуроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, оиди ниятҳои ҷинояткоронаи Назарзода Абдуҳавлим барои дар рӯзҳои наздиктарин ғасби ҳокимият маълумот дода ,пешниҳод кард, ки ба ҳайати ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил гардида, ҳамчун аъзои иттиҳод ҳармоҳа маблағи муайяни пулӣ ба даст дароранд”, - омадааст дар парвандаи додгоҳ, ки моҳи равон нашр гардид.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба ҷопониҳо аз ҷангу сулҳи тоҷикон, хиёнати наҳзат ва ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим нақл кард

Бар асоси ин манбаъ, шаҳрвандон Шодиев , Мадов, Шайхонзода, Ҷавов, Раҳматов ва Абдураҳмонов барои ба иттиҳодияи ҷиноятии созмондодаи Назарзода шомил шудан розигӣ дода, минбаъд бо даъвати ӯ шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 ба муқобили мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.

Тибқи иттилоияи додгоҳ, Мирҷонов 1 сентябри соли 2015 аз шомил шудани афроди номбурда ба иттиҳоди ҷиноятии Назарзода ва нияташон барои ғасби ҳокимият хабардор гардидааст, аммо то соли 2018 ин иттилоъро пинҳон кардааст.

Мирҷонов дар додгоҳ гуноҳашро иқрор карда, аз додгоҳ дархост кардааст, ки барои ӯ ҷазои сабук таъин кунад.

Додгоҳ дар пайи баррасии қазия соли равон Мирҷонов Аминҷон Шодиевичро  бо моддаи 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 1 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0