ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷопониҳо таърихи навтарини Тоҷикистонро нақл кард, ки Sputnik Тоҷикистон ин қисмати суханронияшро бетағйир пешниҳод мекунад:
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бар асари як силсила омилҳои объективию субъективӣ мамлакати мо бо мушкилоти азим ва масъалаҳои ҳалталаби иқтисодиву сиёсӣ дучор омад.
Хароб шудани низоми ягонаи иқтисодии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боиси таназзули якбораи истеҳсолот ва то 70 фоиз поин рафтани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардид.
Бар замми ин, дар арсаи ҷамъиятиву сиёсӣ неруҳои мухталифи сиёсие пайдо шуданд, ки миёни онҳо барои пайдо кардани мавқеи ҳукмрон дар ҷомеа талошу муборизаи шадид аланга гирифт.
Аз вазъи баамаломада, неруҳои алоҳидаи берунӣ шитобкорона ба амалӣ сохтани нақшаҳои ғаразноки худ нисбат ба Тоҷикистон шурӯъ карданд.
Тавассути неруҳои тундгарои диниву сиёсӣ онҳо бо мақсади дар кишвари мо бунёд намудани давлати исломӣ ба таҳмили фарҳангу мафкураи динии ба мардуми мо бегона иқдом карданд
Дар натиҷа кишвари мо ба майдони муқовимати шадиди ҷонибдорони давлатдории дунявӣ, аз як ҷониб ва гурӯҳҳои муттаҳиди ифротгароёни динӣ, аз ҷониби дигар, ки усулҳои тундгароёнаи мубориза – зӯроварӣ, куштор, гаравгонгирӣ ва таҳдиду тарсониданро васеъ истифода мебурданд, мубаддал гашт.
Дере нагузашта, мухолифати мусаллаҳонаи ҷонибҳои даргир ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт.
Яъне миллате, ки соҳиби таърихи ҳазорсола ва суннатҳои бостонӣ мебошад, ба гирдоби ҷанги таҳмилии дохилӣ кашида шуд.
Фалаҷ гардидани ҳокимияти мутамарказ ва тамоми механизми давлатӣ, пайдо шудани гурӯҳҳои сершумори мусаллаҳи ғайриқонунӣ мамлакатро ба вартаи нобудшавӣ аз харитаи сиёсии ҷаҳон оварда расониданд.
Чунин ҷараён гирифтани ҳодисаҳои сиёсӣ мувофиқ ба манфиатҳои баъзе доираҳои хориҷие буд, ки нақшаи ба қисмҳои алоҳида пора кардани Тоҷикистонро доштанд.
Ҷанги дохилӣ боиси беҳокимиятиву беқонунӣ ва фоҷиаи бузург дар кишвари мо гардид.
Равандҳои харобсоз дар иқтисод сабаби пайдоиши ба буҳрони сахти озуқаворӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳои кишвар мардумро гуруснагӣ ва бемориҳои сирояткунанда азият медоданд.
Он замон мо бо тамоми ҳодисаҳои фоҷиавие, ки имрӯз дар Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон рух медиҳанд, рӯ ба рӯ шудем.
Барои раҳоӣ аз даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз як миллион нафар сокинони осоиштаи кишвар хонаҳояшонро тарк карда, гуреза шуданд.
Мухолифати панҷсолаи мусаллаҳона ҷони яксаду панҷоҳ ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро рабуда, хисороти умумӣ бар асари ҷанг маблағи зиёда аз даҳ миллиард доллари амрикоиро ташкил доданд.
Дар чунин шароит баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон роҳбарияти нави кишварро интихоб карда, пойдевори ваҳдати миллиро гузошт ва роҳро ба сӯйи ҳаёти осоишта боз намуд ва иқдоми бисёр саривақтию тақдирсоз гардид.
Ҳамзамон роҳи эъморӣ давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷикон қатъиян ва бебозгашт интихоб шуд, ки он минбаъд аз тариқи раъйпурсии умумихалқии соли 1994-ум дар Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ҳукми қонунӣ пайдо кард.
Дар ҳамон шабу рӯз мо хуб мефаҳмидем, ки бартараф сохтани сабабҳои аслии низоъ, ки аз ҷумла бо манфиатҳои геосиёсии баъзе неруҳои хориҷӣ алоқаманд буданд, шарти асосии истиқрори сулҳ ва ризоят дар ҷомеа мебошад.
Масъалаҳои қатъи ҳарчӣ зудтари оташи ҷанг, ба Ватан баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ва оғоз намудани раванди музокироти ҷонибҳои даргир вазифаи умдатарини роҳбарияти нави кишвар буд.
Дар ин зимн тамоми саъю талоши мо ба эҷоди шароити мусоид барои оштии миллӣ, барқарорсозии иқтисоди фалаҷшудаи кишвар ва дар ниҳояти кор, ба таъмин намудани рушди он равона гардида буд.
Бо дарназардошти масъулияти миллӣ ва бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои ҷомеа, Ҳукумати кишвар афзалиятҳо ва стратегияи сулҳсозиро муайян намуд.
Ҳамзамон бо ин омодагии ҳамаҷониба ба раванди музокирот анҷом дода шуда, тамосҳои аввалини сиёсӣ бо иттиҳоди мухолифин сурат гирифтанд.
Дар ҷараёни музокироти тоҷикон, дар маҷмӯъ нӯҳ даври комили он ва се машварати фосилавӣ гузаронида шуд.
Дар ин робита, мехостам аз аҳаммияти музокироти хотимавӣ дар Хосдеҳи Афғонистон дар моҳи декабри соли 1996 ёдовар шавам, ки дар ҷараёни он самтҳои асосии раванди сулҳ дар кишвар муайян ва мувофиқа гардиданд.
Мулоқоти ҷамъбастӣ 27 июни соли 1997-ум дар шаҳри Москва баргузор шуда, миёни Ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин “Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид.
Ба имзо расидан ва амалӣ гардидани ин санади умда имкон дод, ки мо ба ҳадафи асосӣ – қатъи мухолифати мусаллаҳона, ҳифзи тамомияти арзии кишвар, таъмини ваҳдати миллат ва оғози барқарорсозии баъдиҷангӣ – ноил ноил шавем.
Дар ин ҷо мехоҳам махсусан таъкид намоям, ки неруи асосии пешбарандаи раванди сулҳ мардуми Тоҷикистон буд, ки саъю талоши Ҳукумати худро дар ин ҷода сидқан ҷонибдорӣ мекард.
Дар баробари ин хусусияти нодири таҷрибаи тоҷикон аз он иборат буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои он ба раванди сулҳсозӣ ба таври васеъ ҷалб гардида буданд.
Пуштибонии мунтазами сиёсии муколамаи тоҷикон аз ҷониби Шӯрои амният ва дигар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва давлатҳои манфиатдор омили муҳимми муваффақият дар ин роҳ буд.
Дар ин раванд Созмони Милали Муттаҳид дар доираи амалиёти сулҳоварӣ ва барномаи эҳёи баъдиҷангии нақши хосса бозид.
Дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Дабири кулл миссияи Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода, дар назди он аз ҳисоби намояндагони давлатҳои кафил Гурӯҳи тамос ташкил шуда буд.
Таҳти васояти Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои фирориён дар муҳлати кӯтоҳ бозгашти оммавии гурезагони тоҷик ба макони доимии зисташон таъмин карда шуд.
Таҷрибаи дар ҷодаи ҳамкории муштараки маҷмӯӣ ва бисёрҷанба ҳангоми амалӣ намудани иҷрои вазифаҳои марбут ба эҷоди сулҳ андӯхташуда барои таҳқиқи васеи хусусиятҳои ин раванд имконияти иловагӣ фароҳам овард.
Хулосаҳои раванди мазкур возеҳан собит сохтанд, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон метавонад дар ҳалли низоъҳо дар дигар минтақаҳои кураи Замин низ ҳамчун асос хизмат намояд, зеро то он замон мухолифат бо чунин миқёс дар муҳлати кутоҳ муваффақона ҳаллу фасл нашуда буд.
Дар иртибот ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон қарзи инсонии худ мешуморам, ки аз номи фарзанд ва шаҳрванди баруманди Япония доктор Ютака Акино, ки 20 сол қабл ҳангоми иҷрои рисолати сулҳофарии худ дар ҳайати Миссияи нозирони Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби силоҳбадастони мухолифини исломӣ кушта шуда буд, ёдовар шавам.
Мардуми Тоҷикистон хотираи неки собиқ профессори Донишгоҳи Тсукуба Акино Ютакаро, ки ҷони худро дар роҳи истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон нисор кардааст, ҳамеша пос медорад.
Дӯстони гиромӣ!
Тибқи муқаррароти Созишномаи сулҳ ҷузъу томҳои мусаллаҳи мухолифин ба ҳайати артиши миллӣ ва сохторҳои қудратии кишвар шомил карда, намояндагони мухолифин бо квотаи сифоиза дар Ҳукумат ва мақомоти он ба вазифаҳои давлатӣ таъин гардиданд.
Зимнан яке аз иштирокдорони иттиҳоди мухолифин – Ҳизби наҳзати исломӣ, - бо вуҷуди он ки дар ҷараёни муқовимати шаҳрвандӣ аз усулҳои ифротии мубориза ба таври васеъ фаъолона истифода мекард, ба арсаи сиёсӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар пурра ҷалб карда шуд.
Ин ҳизб дар парламенти кишвар намояндагони худро дошт ва расман фаъолият мекард.
Вале ҳаводиси минбаъда нишон дод, ки ин ҳизб бо истифода аз кумаку мадади ҳомиёни хориҷии худ аз ақидаҳои аслӣ ва ҳадафҳои ҷинояткоронааш – бо роҳи зӯроварӣ ба ҷомеа таҳмил кардани андешаҳои тундгароёнаи динии ба мардуми мо бегона ва ғасби ҳокимият дар кишвар – даст накашидааст. Ҳизби наҳзати исломӣ бо иштироки худ дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ бори дигар чеҳраи воқеии худро нишон дод.
Дар моҳи сентябри соли 2015 кӯшиши табаддулоти давлатӣ бо роҳбарии муовини вазири мудофиаи кишвар сурат гирифт, ки дар вақташ ба ин мансаб чун намояндаи ҳизби мазкур таъин шуда буд.
Дар натиҷаи тадбирҳои фаврии андешидашуда дастдоштагони ин амали ҷиноятпеша саркӯб гардида, фаъолияти созмони ифротию террористӣ таҳти номи “Ҳизби наҳзати исломӣ” бо ҳалномаи суд манъ карда шуд.
Сулҳ барои мо - тоҷикон бо арзиши хеле гарон ба даст омад ва мо тақдири онро ҳаргиз ба ихтиёри чунин неруҳои харобкор намедиҳем.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз талоши Тоҷикистон барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ суҳбат карда, хатарҳои муосир аз Афғонистонро низ зикр кардааст.
“Вазъи Афғонистон, бо вуҷуди ҷаҳду талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ, пуртазоду печида буда, тамоюли ташаннуҷи минбаъдаро дорад. Ва ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо Афғонистон қариб як ҳазору чорсад километр сарҳад дошта, бисёр қитъаҳои он дар шароити бисёр душвори баландкӯҳ қарор доранд. Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ноором буда, аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни ифротиву террористӣ ва қочоқчиён, аз ҷумла қочоқчиёни маводи мухаддир, доим мавриди ҳамлаҳои мусаллаҳона қарор мегирад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзудааст, ки тақвияти мавқеи сохтори ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои тундгаро дар ҳудуди Афғонистон боиси афзоиши хатари терроризм ва ифротгароии динӣ дар минтақа мегардад.