ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и минтақаҳои гуногуни кашвар барои беҳтар намудани фаъолият 10 адад мошин тақдим карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ имрӯз, 1 март ба филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, минтақаҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон, минтақаи Рашт, инчунин марказҳои иммунопрофилактикаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод ва Сангвор 1 ададӣ нақлиёти хизматии тамғаи “ВАЗ 21214”, ки дар маҷмӯъ 10 ададро ташкил доданд, тақдим карда шуданд.
Илова бар ин, филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар вилояти Суғд бо 1 адад нақлиёти хизматии тамғаи “Газел NEX A21P22-1070” (Авторефрижиратор) ва бо 1 адад нақлиёти хизматии тамғаи “Газел NEX A21P22-1070” (Боркаш) таъмин гардид.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ин дастовардҳоро аз истифодаи самараноки сармояҳои хориҷӣ вобаста дониста, миннатдории худро Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд баён намудааст.