ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса рӯзи 28-уми феврал рух додааст.
27 августи 2018, 11:06
Манбаъ мегӯяд, ҷабрдида, писарбачаи ноболиғ, сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе мебошад, ки аз пой ва қисматҳои дигари бадан корд хӯрдааст.
Ноболиғи маҷруҳ изҳор доштааст, ки 28-уми феврали соли 2019, тахминан соати 18:00, ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомӣ, ду писарбачаи 15 ва 16-сола, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро дашномҳои қабеҳ дода латукӯб кардаанд.
“Сипас бо корд як маротиба ба пояш ва чор маротибаи дигар дар баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, - тавзеъ додааст ВУД.
Манбаъ афзуд, ки муттаҳамон дар ин ҷиноят низ сокинони шаҳри Душанбе буда, феълан таҳқиқи қазия идома дорад.
