Ҷанҷоли ҷавонзанҳо бо кордзанӣ анҷомид

© PixabayНож в руке
Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷанҷоли ҷавонзанҳо хабар додааст, ки бо кордзанӣ анҷомидааст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ, зани 32-сола,  муваққатан истиқоматкунандаи деҳаи Зафари ҳамин ноҳия муроҷиат карда, арз доштааст, ки ҳадафи ҳамла бо корд қарор гирифтааст.

Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки 24-уми августи соли 2018, тахминан соати 19:30, дар деҳаи Зафар аз ҷониби зани 32-сола,  сокини маҳаллӣ мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Ӯ афзудааст, ки ҳамлагар бо корд ба рони пойи чапаш зада, маҷруҳ кардааст.

ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0