Коршинос Лисовский таъкид кард, ки сохтмони маркази тавзеъи маҳсӯлот метавонад гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русияро беҳтар намояд.
“Ин раванд метавонад суръати гардиши молу маҳсулотро зиёд намояд. Расмиёти гумрукӣ тезонда шуда, ҳуҷатгузории фитосанитарӣ беҳтар мегардад”, -гуфт Сергей Лисовский, ноиби аввали Кумитаи кишоварзии Шӯрои Федератсияи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай маркази тавзеъи маҳсӯлот метавонад талафот зимни содиротро кам кунад.
“Агар дар ҳоли ҳозир талафот зимни содирот 30 дарсадро ташкил диҳад. Талафоти метавонад коҳиш ёбад ва ҳамагӣ панҷ дарсадро ташкил диҳад”, - таъкид намуд вай.
Вай илова кард, ки сифат ва суръати содироти маҳсулот ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи роҳи оҳан миёни Русия ва Тоҷикистонро беҳтар хоҳад кард.
Ба гуфтаи Лисовский маркази тавзеъи маҳсулот имкон медиҳад содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро ба Русия расмӣ намояд. Ҳоло маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Русия тариқи Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон содирот мешавад.
Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон то ҳоли ҳозир санадҳои лозимаро ба имзо нарасонидааст.
“Дар ҳоли ҳозир ҷониби Русия омода аст ва инҷо сухан дар бораи маблағ намеравад. Масъалаи молӣ ҳалли худро ёфтааст. Ҳоло сухан дар бораи фаҳмиши мавқеъӣ Тоҷикистон аст. Мавқеъӣ Тоҷикистон то ҳол мушаххас нест. Яъне то имрӯз ҳеҷ санаде бо имзои масъулини мақомоти Тоҷикистон ба имзо нарасидааст”, - таъкид намуд вай.