Русия барои содироти меваю сабзавот ба Тоҷикистон кумак мекунад

© Sputnik / СтрингерПлодоовощная ярмарка в Ташкенте
Плодоовощная ярмарка в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин умедвор аст, ки сатҳи хуби содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба минтақаҳои гуногуни Русия боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Русия омодааст сохтмони маркази савдои яклухт ва чакана дар Тоҷикистонро маблағгузорӣ намояд, иттилоъ додааст ба хабаргузории РИА Новости  Михаил Кораблин, намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон.

Раҳмон: содироти меваю сабзавот ба Русия бояд 3 баробар зиёд шавад

“Тариқи ин марказ деҳқонони тоҷик метавонанд меваю сабзавоти худро ба бозорҳои Русия содирот намоянд. Сармоягузорони рус омода ҳастанд сохтмони ин гуна марказро маблағгузорӣ намоянд. Инчунин сармоягузорони Русия омода ҳастанд ба шарикони тоҷики худ технологияҳои муоссир ва таҷҳизоте, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад, пешниҳод намоянд”, - гуфт вай.

Кораблин таъкид намудааст, ки дар соли 2018 содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба минтақаҳои гуногуни Русия нисбат ба соли пешин 34,3 дарсадро афзоиш ёфтааст.

“Умедворем, ки ин раванд дар соли ҷорӣ боқӣ мемонад. Меваҳои Тоҷикистон дар бозорҳои Русия маҳбубият пайдо карданд ва талабот ба онҳо зиёд аст”, - зикр намуд Михаил Кораблин.

Лентаи хабарҳо
0