ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сафараш ба навоҳии Хуросону Ҳисор дастур дод, ки содироти меваю сабзавот ба Русия имсол 1,5 баробар ва соли оянда 3 баробар зиёд карда шавад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии президент.
Раисиҷумҳур гуфт, дар соли 2017 содироти меваву сабзавот ду баробар зиёд гардида, ин тамоюл боз ҳам рушд хоҳад ёфт.
Зиёд намудани содирот ба Русия вақтҳои охир ба яке аз супоришҳои меҳварии раисиҷумҳури Тоҷикистон табдил ёфтааст ва он рӯзи 24 феврал дар мулоқот бо сокинони вилояти Хатлон низ садо дода буд.
"Имрӯз муҳимтарин шарики стратегии мо — Федератсияи Русия ба афзун гардидани воридоти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон манфиатдор аст ва ин ба манфиати мо низ ҳаст",-афзуд Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар кишвар заминаи зарурӣ барои афзун намудани истеҳсоли меваю сабзавот ва содироти он ба хориҷи кишвар муҳайё аст.
"Тайи солҳои охир дар майдони беш аз 75 ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфт ва солҳои 2016-2020 дар майдони беш аз 20 ҳазор гектари дигар боғу токзори нав бунёд меёбанд",- менависад манбаъ бо такя ба суханони президент.