Воридоти орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Джон Траст / Гузариш ба медиабонкОрд. Акс аз бойгонӣ
Орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сохторҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ ин тамоюлро ба афзоиши теъдоди корхонаву муассисаҳои истеҳсоли орд дар Тоҷикистон марбут медонанд.

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Тайи як соли ахир воридшавии орд ба Тоҷикистон тадриҷан коҳиш ёфта, ин раванд ҳоло низ идома дорад, омадааст дар ҳисоботи Агентии омори назди президенти ҶТ.

Ҳосили гандум. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзӣ: беш аз 830 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ шуд

"Давоми се моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 24,8 ҳазор тонна (январ марти соли 2015 — 33,4 ҳазор тонна) орд ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 25,7% камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, тӯли се моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 204,8 ҳазор тонна (3 моҳи соли 2015 — 173,4 ҳазор тонна) гандум ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 18,1% бештар мебошад.

Дар сохторҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ ин тамоюлро ба афзоиши шумори корхонаву муассисаҳои ватании истеҳсоли орд марбут медонанд. Кишвари асосии воридкунандаи орду гандум ба ҷумҳурӣ Қазоқистон боқӣ мемонад.

Лентаи хабарҳо
0