Таъиноти кадрӣ: аз барканории раиси ноҳияи Рашт то кадрҳои Додситонии кулл ва ВУД

Обуна шудан
"Тавре бояд заҳмату фаъолият намоем, ки барои пурра решакан кардани ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар самтҳои хариду фурӯши замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи гуруҳҳои террористиву ифротгаро, натиҷаи дилхоҳ дода, Шумо дар ҷомеа намунаи ибрат бошед" - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 27 фев— Sputnik. Имрӯз, 27 феврал раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чанд ниҳоди кишвар таъиноти кадрӣ ба амал овард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар иттилоъ додааст.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон
Таъиноти кадрӣ: ба Раҷаббой Аҳмадзода ду муовини нав таъин шуд

Манбаъ меафзояд, ки президент кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд ба ҳузар пазируфт. 

Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин гардид.

Тибқи Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон Раҳмонзода Лолахон Футур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Тоҷикистон озод гардида, Савзаалӣ Назирзода — директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир — муовини якуми директори Агентии  таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Аловуддин Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Таъиноти кадрӣ дар Вазорати фарҳанг: Аловиддин Абдуллоев мансаби нав гирифт

Файзуллозода Хуршед Мирзо бо сабаби ба вазифаи Директори генералии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин гардидан, аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” озод шуда, ба ҷой ӯ Нориён Парвиз Исматулло директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Назарзода Нурулло Ғаффор — директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ таъин гардид.

"Дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон як қатор кадрҳои сатҳи роҳбарии дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Лахш, шаҳрҳои Роғуну Норак, Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷайҳуну Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба, болаёқат ва поквиҷдони соҳа таъин гардиданд", - афзудааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таъиноти кадрии навбатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахшу Шаҳритуси вилояти Хатлон иваз гардида, дар сохтори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи кунунии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъул таъингардидаро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

“Тавре бояд заҳмату фаъолият намоем, ки барои пурра решакан кардани ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар самтҳои хариду фурӯши замин,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи гуруҳҳои террористиву ифротгаро, натиҷаи дилхоҳ дода, Шумо дар ҷомеа намунаи ибрат бошед” – таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0