Таъиноти кадрии навбатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

© Фото : Аз дафтари матбуоти президенти ҶТЭмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дируз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷобаҷо кард
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Бино бар гузориши дафтари матбуоти кишвардори Тоҷикистон, тибқи фармони президент Аминзода Зокирҷон Тоҳир аз вазифаи Раиси суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Саид Сӯҳроб аз вазифаи Раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, Ҷалолиддин Азиз аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Қаландарзода Мансур Сафар аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод гардиданд.

Хайриддинзода Азизбек Хайриддин раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин гардида аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд озод карда шуд.

Илова бар ин, президенти кишвар ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки  Азиззода Зафар Нусрат ба вазифаи судяи Суди Олӣ, Аминзода Зокирҷон Тоҳир — муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ, Саид Сӯҳроб — судяи Суди Олии иқтисодӣ, Қаландарзода Мансур Сафар — судяи Суди Олии иқтисодӣ, Ҷалолиддин Азизӣ — судяи Суди Олии иқтисодӣ, Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода —судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шаванд.

Куҳансарбозони ҶБВ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Идии Эмомалӣ Раҳмон ба куҳансарбозони ҶБВ: се ҳазор сомонӣ

Ҳамчунин, бо пешниҳодҳои кишвардор Шоҳиён Маҳмадсаид Алимардон аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ, Назарзода Ховар Нурмуҳаммад аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ, Раҳимзода Исмоил — аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан бозхонд карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, Директори киностудияи "Тоҷикфилм" таъин гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0