ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони вазорати корҳои дохилаи тоҷикистон як қатор ҷиноятҳои қалобӣ ошкор шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД.
Манбаъ афзудааст, ки аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт марди 32-солаи сокини кӯчаи Телмани шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи декабри соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 713-тонна хокаи ангишт, ҷамъ ба маблағи 142 ҳазо сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Тафтишот муайян намуд, ки худи ӯ моҳи декабри соли 2015, бо ҳамин роҳ ба боварии марди 42-солаи сокини ноҳияи Қубодиён даромада, барои тиҷорат аз ӯ 276 ҳазор рубли русиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин номбурда моҳи декабри соли 2015, бо ҳамин роҳ ба боварии марди 44-солаи сокини шаҳри зикргардида даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.