ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як қатор ҷинояткорон ошкор шудаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД дар шаҳри Бохтар, марди 34-солаи сокини ноҳияи Кушониён, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 20-уми феврали соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дохили нуқтаи таъмири автомашинаҳо даромада, аз ҷайби либосҳояш ҷавоҳироти тиллоиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12.000-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-сола ва ноболиғ, писарбаччаи 17-солаи сокинони кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Ба мақомоти милитсия марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лахши минтақаи Рашт, дар он хусус муроҷиат кардааст, ки моҳи феврали соли 2018,
Ҳамчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи зикргардида бо ариза дар он хусус муроҷиат кардааст, ки моҳи ноябри соли 2018, марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ба ҳамин монанд, ба мақомоти милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор дар он хусус муроҷиат кардааст, ки моҳи марти соли 2010, марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 72000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Айни замон шахсони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар ин самт идома дорад.