Ироаи дастгоҳҳои 9 миллион долларии Русия барои назорати фазои Тоҷикистон

© Sputnik / Лулишов Соломон / Гузариш ба медиабонкВертолет "Ми-8", архивное фото
Вертолет Ми-8, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия мегӯяд, барои таҳкими нерӯи ҷангии иттифоқчияш - Тоҷикистон ба ин кишвар таҷҳизоти низомӣ бо арзиши 9 миллион долларро медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия ироаи таҷҳизот кумак барои ҳифзи сарҳади Тоҷикистон мебошад.

Поезд из Средней Азии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Масраф 6 даромад 18 миллион: Русия дар Тоҷикистон марказҳои ҷалби муҳоҷир ифтитоҳ мекунад

Дар феҳрасти таҷҳизоте, ки ба Тоҷикистон дода мешаванд, аз ҷумла истгоҳҳои махсуси радиолокатсионӣ ном бурда шудаанд, ки барои ошкор ва назорати дастгоҳҳои ҳавоӣ хидмат мекунанд.

“Таҷҳизоти мазкур тавоноии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро бештар карда, ҳифзи фазои кишварро аз ҳар гуна зуҳуроти террористӣ таҳким мебахшад”, - таъкид шудааст дар иттилоияи Вазорати дифои Русия.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Тоҷикистон аз кишварҳои узви СПАД дархост карда буд, ки созиш барои кумак дар таҳқими ҳифзи сарҳад бо Афғонистонро, ки ба манфиати ҳамаи кишварҳо мебошад, ҳар чи зудтар татбиқ гардад.

Лентаи хабарҳо
0