Масраф 6 даромад 18 миллион: Русия дар Тоҷикистон марказҳои ҷалби муҳоҷир ифтитоҳ мекунад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПоезд из Средней Азии, архивное фото
Поезд из Средней Азии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марказҳо дар Тоҷикистон дар муддати 5 моҳ фаъолият хоҳанд кард. Мақсади онҳо ҷустуҷӯи 1000 корманд барои кор дар Петербург мебошад. Бино бар ҳисоботҳо, кишвар барои ташкили марказ 6 миллион сарф карда, аз муҳоҷироне, ки ба кор таъмин мешаванд, 18 миллион рубл даромад хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Русия барои интихоб ва қабули коргар ба ширкатҳои русӣ дар Тоҷикистон марказҳои расмӣ  ифтитоҳ мекунанд. Муҳоҷиронеро, ки марказ пайдо мекунад, дар коргоҳҳои шаҳри Санкт-Петербург ба кор таъмин хоҳанд шуд.

Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Петербург озмун эълон кардааст, ки дар пайи он ширкати ғолиб дар Тоҷикистон 4 маркази ҷалби муҳоҷир ташкил карда, барои хизматрасониаш то 6,2 миллион рубл ба даст меорад.

Мувофиқи шартҳои озмун марказҳо бояд тӯли 5 моҳ дар Тоҷикистон фаъолият карда, бештар аз 1000 нафарро барои кор дар Петербург ҷалб кунанд.

Бино бар ҳисоби коршиносон, коргарони ҷалбшуда ба буҷаи шаҳр то 18 миллион рубл даромад хоҳанд овард.

Феълан маълум нест, ки марказҳо дар кадом шаҳрҳои Тоҷикистон кушода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0