ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
“Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 20-25 то 28- 33 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳаво аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйрёбанда шуда, дар водиҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда, рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 9-14 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа сард шуда, рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.