Ҳушдори КҲФ дар бораи сардшавии ҳаво ва фаромадани тарма

Обуна шудан
Ожонсии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳаво хеле сард шуда, фаромадани тарма дар назар аст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik.  Аз 30 то 31 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда,  боришоти сахт (дар водиҳо боридани борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ барф) дар назар аст, иттилоъ додааст Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ: хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад аммо ҳоло ҳаракати мошинҳо пурра барқарор шуд

Бино бар иттилои манбаъ, 30 январ боришоти хеле сахт дар назар аст. Инчунин дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон боришоти сахт дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ғарби ВМКБ хатари фаромадани тарма вуҷд дорад.

Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостори эҳтиёткори шудааст.

Лентаи хабарҳо
0