ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, 23 феврали соли равон соати 18:20, дар деҳаи Оби Канапои ноҳияи Айнии вилояти Суғд, чаҳор ноболиғ дар ҷараёни яхмолакбозӣ дар ҳавзи сунъии маҳаллаашон ғарқ шуданд.
“Ин наврасон дар яхи болои ҳавз, ки дарозиаш 70 метр буда, умқаш то 6 метр мерасад, бозӣ доштанд ва чун яхи зери пои онҳо шикаст, ин чаҳор тан дар он оби сард фурӯ рафтанд ва ба ҳалокат расиданд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, вақте наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, ҷасади яке аз онҳоро сокинони маҳаллӣ берун оварда буданд ва се ҷасади дигар дар нимторикӣ берун оварда шуда, ба хонаводаҳояшон супурда шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржданӣ бо изҳори тасалллият ба пайвандани ҳалокшудагон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки бачаҳои худро беназорат нагузоранду ба наврасону кӯдакон риояи қоидаҳои бехатариро омӯзонанд.