Се садамаи маргбор дар 1 рӯз дар роҳи Душанбе – Хуҷанд ва Душанбе – Хоруғ

© Пресс-служба КЧС ТаджикистанаДТП из-за образовавшегося гололёда в Таджикистане, архивное фото
ДТП из-за образовавшегося гололёда в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз се садамаи маргбор дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд ва Душанбе – Хоруғ хабар дод, ки дар як рӯз рух додаанд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, 23 феврал, тахминан соати 12:45, Алишер Соҳибназаров, ронандаи 33-солаи “Мерседес-Бенс”,  ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада,  ба доманаи кӯҳ бархӯрдааст.

Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қатор сокини ноболиғи Душанберо зер кардааст

“Дар натиҷа, мусофири ин автомашина Раҳматуллоев Руслан Қурбонович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, - иттилоъ дод манбаъ.

ВУД афзуд, ки садамаи маргбори дигар 23 феврал, тахминан соати 15:10 дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ рух додааст.

“Гулбек Мамадалиев, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хова”,  соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи Мурғоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Қулма”, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст. Дар натича, худи ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - иттилоъ дод ВУД.

Ин ниҳод илова намуд, ки инчунин 23 феврал, соати 21:30, Шоҳинҷон Исоев, ронандаи 45-солаи “Опел-Астра”, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Варзоб, ба қисми муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо ду “Камаз” бархӯрдааст.

Автобусы в автопарке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рақами 29: автобусҳои хатсайри нав дар Душанбе ба ҳаракат даромаданд

“Аввал бо “Камаз-53212”, ки таҳти идораи Шоев Абдураҳмон, сокини 43-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрда, баъдан ба автомашинаи тамғаи “Камаз-53212”, таҳти идораи Зоҳиров Зоҳир Усмонович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи мазкур бармехӯрад”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0