ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Қарори Ҳукумат дар ин бора аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 9-уми феврал имзо гардидааст.
Бар асоси ин қарор, Бобоева Нуринисо Темурована узви нави ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт қабул гардидааст. Бобоева қаблан раёсати иттифоқи касабаи кормандони соҳаи нақлиёт ва роҳбарии фаъолияти ҳизби ҳокими ҲХДТ-ро дар ин бахш ба уҳда дошт.
Дар қарор, далели хориҷ шудани Абдуллозода аз ҳайати мушовара зикр нашудааст.
Абдуллозода аз моҳи январи соли 2016 роҳбарии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ба зимма дорад. Ӯ дар ин мақом Рустам Холиқовро иваз намуда буд, ки бо дастури раисиҷумҳур барканор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки 14 моҳи қабл Ҳукумат масоили авиатсияи гражданиро аз сохтори Вазорати нақлиёт берун карда, моҳи декабри соли 2017 Ожонси алоҳидаи авиатсияи граждании назди Ҳукумат таъсис дода буд.