ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ҳафтаи равон зимни ҷаласаи парлумон аз қавли Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб гуфт, Одиназода аз ҷумлаи мутахассисони соҳибтаҷрибаю кордони ин ниҳод мебошад.
Ӯ дар хитоб ба вакилон гуфт, оё ба номзад ба мақоми сараудитори Тоҷикистон суоле доранд ва баъди ироа нашудани суолу пешниҳоде, номзадии Одиназода ба овоздиҳӣ монда шуд.
Одиназода Маҳмадӣ, ки қаблан сардори Раёсати масъалаҳои кишоварзӣ, саноат, субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатии Палатаи ҳисоб буд, бо ҷонибдории вакилон ба мақоми сараудитори ин палата таъин гардид.
Дар пайи тасдиқи таъинот Одиназода дар ҳузури вакилони парлумон савганд ёд кард, ки содиқонаю софдилона ба манфиати давлату ҷомеа дар доираи қонунгузории Тоҷикистон кор хоҳад кард.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, сараудитори нави Тоҷикистон баъди хатми донишгоҳ дар вазифаҳои муҳосиб, сармуҳосиби хоҷагӣ кор карда, баъдан ба кор дар Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гузаштааст. Ӯ аз соли 2014 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои гуногун кор кардааст.
Палатаи ҳисоб, ниҳоди олии назорати молиявӣ мебошад, ки бевосита ба раисиҷумҳур ва парлумон ҳисоботдиҳанда мебошад ва роҳбарону сараудиторонаш аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд.