ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона аз 7-12 то 13-18 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 4-9, инчунин то 19-24 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12-17 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.