Обуҳавошиносон дар Тоҷикистон барфрезӣ пешгӯӣ карданд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкСнегопад, архивное фото
Снегопад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ барф меборад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар буда, дар ғарби вилоят барфи кӯтоҳмуддат меборад.

Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавои сард, барф ва фаромадани меғ: обуҳавошиносон аз сафарҳои бемаврид ҳушдор медиҳанд

“Дар шарқи вилоят ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад”, - навиштааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе минтақаҳо барф шиддат ёфта, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона аз 3-8 то 10-12 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, барфи кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0