ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо рӯзона ҳавои бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба -2+3 дараҷа расида, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 2-7 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -3+2 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон аз шаҳрвандон хоҳиш намуданд, ки аз сафарҳои бемаврид ба ноҳияҳои дурдаст худдорӣ намоянд.