Эмомалӣ Раҳмон раёсати нав ташкил дод

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон дар сохтори Додситонии кулли Тоҷикистон раёсати навро таъсис дод

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бар асоси фармони раисиҷумҳур, раёсати ҷадид иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи заминро назорат хоҳад кард.  Тибқи ин фармон, раёсати нави назорати қонунгузорӣ дар соҳаи замин ба сохтори дастгоҳи марказии Додситонии кулли Тоҷикистон ва низоми идории ин ниҳод ворид карда шуд.

Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Заминфурӯшӣ дар Рӯдакӣ: муфаттишон "Саидраҳмон"-ро наёфтанд

Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон дод, ки аз 1-уми январи соли равон теъдоди додситонҳо дар кишвар бештар карда шаванд.  То фарорасии соли нав шумораи умумии кормандони прокуратура 1085 нафарро ташкил медод ва инак 50 воҳиди кории дигар зам гардида, теъдоди умумии кормандони мақомоти прокуратура 1 ҳазору 135 нафар муқаррар шуд.

Ин фармонҳо дар ҳолеянд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз нақзи қонунҳо дар бахши замин, аз фурӯши ғайриқонунии он изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошта буд, ки он дар ҳоли табдилшавӣ ба як дарди бедавост. Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки мубориза бо ин раванд пурзӯр карда шавад.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Тоҷикистон заминфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакиро "дарди бедаво" донист

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2018 дар самти иҷрои қонунгузории замин 434 санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа 5955 санади таъсиррасонии прокурорӣ бароварда шуд.

“Дар асоси баррасии онҳо 3451 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 1085 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, 22928 гектар қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шуданд”, - иттилоъ дода буд Додситонии кулли Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0