ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Рӯҳои 16 – 17 феврали соли равон як гуруҳ соҳибкорони ноҳияи Мастчоҳ бо роҳбарии раиси ноҳия Ғайрат Азиззода бо мақсади табодули таҷриба ва шиносоӣ бо дастовардҳои соҳибкорони Узбакистон ба шаҳру навоҳии Тошкент, Самарқанд ва Жонбойи кишвари ҳамсоя сафар карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд дар иқтибос ба нашрияи маҳалии "Нигоҳи халқ" хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни сафар соҳибкорони ноҳияи Мастчоҳ аз боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, гармхонаҳо, фермаҳои чорводорӣ, корхонаҳои мебелбарорӣ ва коркарди чормағзи заминӣ, лабораторияи истеҳсоли дарахтони серҳосил боздид намуда, бо соҳибкорони узбакистонӣ суҳбату мулоқотҳо анҷом додаанд.
“Соҳибкорони тоҷик, бо ҳамтоёни узбаки худ барои оғоз ва рушди ҳамкориҳои дутарафа мубодилаи афкор намуданд”, - таъкид намуд манбаъ.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода пас аз анҷоми сафр гуфт, ки соҳибкорони Узбакистон ва ҳам ҳайати ноҳияи Мастчоҳ аз оғозу таҳкими муносиботи дӯстонаи ду ҷумҳурии ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ карданд.
“Боз шудани сарҳад ва таҳкими равобити ду давлати ҳамҷавор на танҳо равуои сокинонро осон кард, ки ҳамчунин равнақи ҳамкориҳои судмандро дар соҳаҳои мухталиф замина гузошт”, - афзуд вай.
Инчуниин, Ғайрат Азиззода афзуд, ноҳияи Мастчоҳ ноҳияи сарҳадист ва албатта ва аз рушди ҳамкориҳои соҳибкорони ноҳия бо соҳибкорони навоҳии он тарафи марз манфиатдор аст.
Вай гуфт ноҳия кушиш менамоем, ки дар самти ҳамкориҳои судманд дар ҳама самту соҳаҳо, махсусан рушди соҳибкорӣ замина ва шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард.