ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, роҳ ва пули се деҳаи мазкур 6 июли соли равон дар натиҷаи селфароӣ хароб гардида буданд.
“Бо харобшавии пули мошингузар ва роҳи деҳаҳо сокинон ба мушилиҳо дучор гардида буданд ва ба ҳаракати нақлиёти сабукраву боркашон низ монеаҳо ба вуҷуд меомад”, - иттилоъ дод манбаъ.
Дафтари матбуоти раиси Суғд таъкид кард, ки дар бо дастари Аҳмадзода мутахассисони соҳаи нақлиёту роҳсозӣ ба ин мавзеъ сафарбар гардида, дар назар аст, ки то ҷашни Наврӯз сохтмони пул ба анҷом расонида шавад.
Манбаъ афзуд, ки дарозии роҳи барқароршаванда 1000 метр, дарозии пули мошингузар 24 метр ва бараш 5 метр мебошад.