ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ҷамъомади машқӣ-таълимии мазкур дастаи олимпии кишвар бо тими олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии рафиқона анҷом медиҳад.
Манбаъ афзуд, вохӯриҳо 8 ва 11 март ба нақша гирифта шудаанд.
Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар Тошканд баргузор мешавад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш дастаҳои олимпии Ҳиндустон - 22 март, Покистон - 24 март ва Узбакистон - 26 март ҳастанд.
Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарин ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2020, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд доир мегардад, роҳхат мегиранд. Дар сурате ки тими олимпии Тайланд дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳаш ғолиб ояд ё миёни 4 дастаи беҳтарин ҷои дуюми гурӯҳҳо бошад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо мекунад.
Се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2020 дар Тайланд роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меоранд.