ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Кумитаи ҷавонон таҳти унвони Ҷоми “Журналистони ҷавон – 2019” миёни кормандони Воситаҳои ахбори омма мусобиқаи футболи хурд баргузор менамояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти кумита.
Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад, баргузор хоҳад шуд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки муассисаву рӯзномаҳо ва ташкилотҳои иттилоотиву хабарнигорӣ метавонанд дар мусобиқаи мазкур иштирок намоянд.
Муҳлати қабули дархостҳо то 18 феврали соли равон муқаррар гардидааст.