Маҷмааи назорати кайҳонии “Окно” дар Тоҷикистон, чӣ гуна ба Русия кумак мекунад

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкОптико-электронный комплекс "Окно", архивное фото
Оптико-электронный комплекс Окно, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷмааи назорати кайҳонии “Окно”-и Русия, ки дар баландкуҳҳои ҳудуди шаҳри Норак ҷойгир шудааст, дар низоми назорати фазои кайҳонӣ нақши беназир дорад

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Маҷмааи назорати кайҳонии “Окно”-ба Русия имкони пайдо кардани объектҳои кайҳониро дар фосилаи 50 ҳазор километр муҳайё месозад, гуфт ноиби фармондеҳи қушунҳои кайҳонӣ генерал-майор Игор Морозов.

Пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно" дар Норак пурра тақвият ёфт

Ба гуфтаи ӯ дар низоми назорати фазои кайҳонӣ маҷмааи назорати кайҳонии “Окно”, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст нақши беандоза мебозад.

Маҷмааи назорати кайҳонии “Окно” барои пайдо ва муайян кардани объектҳои кайҳонӣ, ҳаракати параметрҳо, гирифтани хислати фотометрии онҳо ва  иттилоъ додан дар бораи мавҷудоти фазои кайҳон пешбинӣ шудааст.

“Бояд қайд кард, ки баъди азнавкунииҳо дар соли 2014, имконоти маҷмааи назорати кайҳонии "Окно" афзудаанд. Ҳоло дар ин маҷмаа метавон дар фосила 50 ҳазор километр объектҳоро дар фазои кайҳон муайян кард”, гуфт Марозов.

Бояд қайд кард, ки бунёди маҷмааи “Окно” дар соли 1961 оғоз шуда буд. Ҳангоми ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон муттасадиён он ҷоро тарк карда буданд, танҳо дар охирҳои солҳои 90-ум ба аз нав барқароркунии он шуруъ карданд. Аз соли 2014 ин ҷониб дар ин маҷмаа навбатории низомӣ  барқарор шудааст.

Тақвияти пойгоҳи “Окно” аз ҷониби Русия

Ёдовар мешавем, ки маҷмааи “Окно”, ки қаблан “Норак” номида мешуд, дар ағбаи Шар-Шар дар баландии беш аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, дар кӯҳистони мавсум ба Санглох бар фарози обанбори Норак ҷойгир аст. Дар соли 2004 ин пойгоҳи назоратии кайҳонӣ ба ивази 242 миллион доллар қарзи Тоҷикистон ба Русия дода шуд. Тибқи созишномае, ки он вақт роҳбарони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо карданд, тамоми қаламрави ишғолкардаи пойгоҳ аз тарафи Русия бо нархи рамзии 1 сомонӣ дар як сол то соли 2042 ба иҷора гирифта шудааст.

Зимнан, ин пойгоҳи назорати кайҳонӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ поягузорӣ шуда, моли давлати Тоҷикистон дониста мешуд. Вале таъмини ҳифозати ҳудуди ин маркази назорати кайҳониро тӯли ин солҳо сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бар ӯҳда доранд.

Лентаи хабарҳо
0