ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Русия тавонмандсозии пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно"-ро, ки дар Тоҷикистотон ҷойгир аст, ба поён расонид. Дар ин бора сомонаи Вазорати дифои ФР иттилоъ медиҳад.
"Дар доираи татбиқи барномаи тақвияти "Окно", иловатан 4 дастгоҳи муҷаҳҳази оптикӣ барои назорати ҷирмҳои кайҳонӣ ва иншоотҳо ба фаъолият пардохт",- менависад мақомоти марбутаи Русия.
Ба иттилои Вазорати дифоъи Русия ҳоло дар пойгоҳи "Окно" таҷҳизоти муосири телевизионии сабту муайянсозии ашё бо истифода аз фановарии ватанӣ насб гардидааст.
"Ҳамаи ин барои назорати фазо, ҳаракати ҷирмҳо, вазъи иншоот ва умури дигар мусоидат карда, тавонмандии пойгоҳи "Окно"-ро чанд маротиба боло бурд",- меафзояд Вазорати дифоъ.
Ин манбаъ гуфт, агар пойгоҳи мазкур ҳаракати киштиҳои кайҳонӣ ва ҳаргуна ҷирмҳои осмониро дар баландии то 40 ҳазор километр назорат бурда тавонад, акнун тибқи барномае, ки амалӣ мешавад, тавоноии онро то ба 120 ҳазор километр баробар хоҳанд кард.
Пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно" дар соли 1979 дар замони Шуравӣ дар Норак сохта шуда буд ва ҳоло моли низомии Русия буда, ба вазорати дифоъи ин кишвар таалуқ дорад. Як қисми дигари телескопҳои пойгоҳ барои назорати ҳарими ҳавоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия истифода мешавад.