ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи сармоягузории лоиҳаи бозсозии роҳи мошингарди Бохтар –Данғара –Кӯлобро баррасӣ дорад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти кишвар барои бозсозии роҳи 155,1 миллион доллар лозим аст.
Таъкид шудааст, ки вазъи имрӯзаи роҳ ба талабот ҷавобгӯ набудааст. Дар роҳ ҳоло чуқуриву вайрониҳо дида мешавад.
Инчунин вайрониҳову чуқуриҳо тақрибан дар тамоми роҳ ба назар мерасад.
Ёдрас мешавем, ки пештар баъзе аз қитъаҳои роҳро БОР маблағгузорӣ карда буд.
Инчунин, дар моҳи январи соли равон ар Душанбе сохтмони роҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш –марзи Қирғизистон баррасӣ шуда буд.
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони роҳҳоро пешниҳод карда, сипас чораҳои маблағгузории лоиҳаро баррасӣ намуданд.