ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ба идораи милитсия шаҳри Истаравшан марди 52-сола сокини деҳаи Қалъачаи-Калони шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки дар як муноқишаи хонаводагӣ келини хонаашро бо табар зада ба қатл расонидааст, иттилоъ додааст хабаргузории tajikistantimes.com.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан марди 52-солаи сокини деҳаи Қалъачаи-Калони шаҳри мазкур омада, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 14-уми феврал, тахминан соати 13:00-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо келини 27-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо табар 6-маротиба ба баданаш задааст.
Дар натиҷа, келинаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Кормандони милитсия доир ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишот идома доранд.