Қассос аз келин: модаркалон сабаби зинда ба хок кардани Беҳрӯзҷонро гуфт

CC0 / Pixabay / Туфли для малыша, архивное фото
Туфли для малыша, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оҷарой Ашӯрова, модаркалони 58-сола сабаби қатли ваҳшиёнаи неберааш Беҳрӯзҷони сесоларо қассос аз беҳурматии келин гуфт

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бар асоси гузориши ВУД, Ашӯрова зимни шарҳи даст задан ба чунин ҷинояти ваҳшиёна изҳор доштааст, ки ин қасос аз беҳурматии падару модари Беҳруз будааст.

“Охир маҷбурам, очааш бисёр ғам медод. Кӯдакро ин су он су бар мегуфт, ҷанг мекард, дӯғ мезад, мезанум мегуфт”, - изҳор дошт Ашӯрова дар навори нашркардаи ВУД

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Оҷарой Ашӯрова, сокини ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  12-уми сентябр небараашро барои пеши табиб бурдан бо худ гирифта, баъди чанд соат ба хона баргашта, ба модараш гуфтаст, ки Беҳрузҷон аз дасташ ба дарё афтид.

“Кофткобҳои чандрӯза натиҷа надодаанд ва ниҳоят 18-уми сентябр ҷасади пораи Ашӯров Беҳрӯз, соли таваллудаш 2015 дар ҷамоати Ифтихор пайдо карда шуд”,- иттилоъ додааст ВУД.

Тафтишоти пешакӣ маълум кардааст, ки модаркалон Беҳрузҷонро ба ҷарӣ бурда, чанд дақиқа зери обу лой нигоҳ дошта ва сипас зинда зери хоку лой кардааст.

Феълан алайҳи Оҷарой Ашӯрова, бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

Лентаи хабарҳо
0