ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон дар суханронӣ дар мактаби миёнаи умумии деҳаи Гулбутта дар ноҳияи Рӯдакӣ аз беназмӣ дар баҳрабардорӣ аз замин ва афзоиши табаҳкорӣ дар ин ноҳия нигаронӣ кард, гузориш медиҳад дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур.
"Ҳарчанд дар ноҳияи Рӯдакӣ ситоди Додситонии кулл дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ фаъолият дорад, вале то ба имрӯз бетартибӣ дар ин самт идома дорад. Ба ибораи дигар, заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфтааст. Бадтар аз ҳама, заминҳои ҳосилхези кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ фурӯхта мешаванд. Дар натиҷа тайи се соли охир 58 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрдаанд, зеро заминҳои онҳо пурра фурӯхта шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ безамин мондаанд. Ба ҳамин тариқ, дар зарфи 20 соли ахир қариб 2,5 ҳазор ҳектор заминҳои кишоварзӣ аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 дарсади замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд", — гуфт раисҷумҳур Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон бо овардани оморе аз афзоиши табаҳкорӣ дар ноҳия таъкид кард, ки "агар соли 2016 нисбат ба соли 2015 ёздаҳ дарсад бештар ҷиноят содир шуда бошад, танҳо дар ҳашт моҳи соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 табаҳкорӣ камобеш 17 дарсад афзудааст".
"Ташвишовартар аз ҳама ин аст, ки судури ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин торафт зиёд шуда истодааст. Аз соли 2015 то ба ҳол 15 ҷинояти одамкушӣ, 10 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва 14 ҷинояти роҳзанӣ содир шудааст. Афзоиши ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо тайи чор соли охир нисбат ба 168 нафар сокинони ноҳия барои ҷалб ва шомилшавӣ ба ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ ва ҳаракатҳои экстремистӣ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шудаанд. То ҳол 36 нафар сокинони ноҳия дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил карда истодаанд", — гуфт вай.
Бино ба оморе, ки раисҷумҳур дар ин суханронӣ овард, дар соли 2016 ва нӯҳ моҳи соли 2017 Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод 103 маврид ришваситонӣ ва дигар базаҳкориҳои фасодиро ошкор карда ва Ситоди Додситонии кулл барои 960 маврид хариду фурӯши ғайриқонунии замин ба маблағи 45 милюн сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Куллан, дар ду солу нӯҳ моҳи ахир нисбат ба 608 шаҳрванд бо беш аз 1500 маврид қонуншиканӣ дар соҳаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаву бозҷӯӣ мешаванд. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда соли 2016 қариб 3 гектар ва соли 2015 қариб 32 гектар замин фурӯхта шудааст. Худи ҳамин сол низ фурӯхтани 2,5 ҳектор замин ошкор гардид.
"Чунин вазъ тақозо менамояд, ки роҳбарони ноҳия ва ҷамоатҳои он, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Додситонии кулл ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корро дар самти пешгирӣ аз судури чунин қонуншиканиҳо ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд", — таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.